22 ноябри соли 2024 бо ташаббус ва дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон Форуми байналмилалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид, ки дар кори он намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар, созмонҳои байналмилалӣ, шарикони рушд ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, дар маҷмуъ беш аз 300 нафар иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории Форум муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар, фароҳам овардани майдони муколамаи созанда ва мубодилаи афкору таҷриба бо мақомотҳои давлатӣ, сармоягузорони ватаниву хориҷӣ, коршиносони байналмилаливу миллии соҳавӣ ва шарикони рушд, баланд бардоштани ҷалби сармоягузорӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, воридоти технологияи муосир, роҳандозии тиҷорати электронӣ ва принсипҳои иқтисоди “Сабз” дар фаъолияти субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мебошад.
Пеш аз оғози Форум иштирокдорон дар намоишгоҳи EXPO – и маҳсулоти минтақаҳои озоди иқтисодӣ иштирок намуда, бо фаъолият ва молу маҳсулоти истеҳсолнамудаи субъектҳои хоҷагидори минтақаҳои озоди иқтисодии кишвар аз наздик шинос гардиданд.
Дар доираи баргузории Форум санадҳои нави ҳамкорӣ байни Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” ва дигар шарикон оид ба бунёди Маркази логистикии байналмилалӣ, корхонаи нассоҷӣ, корхонаи истеҳсоли антифриз, корхонаи истеҳсоли трансформатор ва таҷҳизотҳои барқӣ ва оид ба воридот ва фурӯши автомобил ба имзо расонида шуд.
Зимни баргузории чорабинии мазкур аз тарафи Роҳбари Маъмурият ба иштирокчиён оид ба имкониятҳои сармоягузорӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” иттилооти мушаххас пешниҳод гардонида шуд.
Ҳамзамон, ба меҳмонон дар рафти чорабинии мазкур шароит фароҳам оварда шуд, ки аз Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” боздид намуда, бо фазои мусоиди сармоягузорӣ, мавқеи ҷуғрофӣ, рушди инфрасохтори он, имкониятҳои логистикӣ ва афзалиятҳои мавҷуда аз наздик шинос гарданд.
Дар маҷмуъ, дар доираи баргузории Форуми байналмилалии сармоягузории “Дурнамои рушди минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” байни Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва сармоягузорони дохилию хориҷӣ 11 санади нави ҳамкорӣ бо маблағи беш аз 49,8 млн. доллари ИМА ба имзо расонида шуд.