БОЗДИДИ САРМОЯГУЗОРОНИ ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ АЗ МИНТАҚАИ ОЗОДИ ИҚТИСОДИИ “КӮЛОБ”

Санаи 14 сентябри соли ҷорӣ бо мақсади иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба татбиқи амалии ҳадафи чоруми стратегии кишвар, яъне саноатикунонии босуръати мамлакат ва эълони солҳои 2022-2026 ҳамчун солҳои рушди саноат доираи сармоягузорони Федератсияи Россия таҳти Роҳбарии Директори ҶДММ “Ситораи тоҷ” Сергей Костогрыз Викторович ва Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Назарзода Бахтиёр Худоёр аз ҳудуди МОИ “Кӯлоб” боздид намуда, бо рафти бунёди инфрасохтори аввалиндараҷа, корхонаҳои истеҳсолӣ ва дигар иншоотҳои зарурӣ аз наздик шинос гардиданд.

Зимни боздид ба доираи сармоягузорони Федератсияи Россия аз ҷониби Роҳбари маъмурият вобаста ба фаъолияти МОИ “Кӯлоб”, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, рушди инфрасохтори он, фазои мусоиди сармоягузорӣ, логистикӣ ва афзалиятҳои мавҷуда, имтиёзҳои андозию гумрукӣ, захираҳои зиёди ашёи хоми маҳаллӣ, қувваи кории арзон ва бартарии фаъолият дар минтақаи мазкур маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд.

Зимни баррасии масъалаҳо диққати махсус ба иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба бунёди маҷмааи нассоҷӣ дар ҳудуди МОИ “Кӯлоб”, татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки сармоягузорӣ дар самти бунёди корхонаҳои нассоҷӣ ва ҷалби бештари сармояи хориҷӣ ба Минтақаи озоди иқтисодии “Кӯлоб” дода шуд.

Ҳамзамон, дар доираи сафари мазкур ба меҳмонон имконият фароҳам оварда шуд, ки бо роҳбарияти шаҳри Кӯлоб мулоқоти судманд анҷом дода, инчунин аз як қатор корхонаҳои дузандагӣ аз ҷумла, Филиали ҶДММ “Ваҳдат текстайл” дар шаҳри Кӯлоб (Парки нассоҷии ш. Кӯлоб), корхонаи дузандагии ҶСК “Нидои Кӯлоб” ва дигар иншоотҳои зарурӣ боздид намоянд.

Боздид ва шиносоии меҳмонон дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт.