Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралӣ

Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз моҳи ноябри соли 2025 дар мансаби Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 11 ноябри соли 1988        

Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Миллат: Тоҷик                                         

Таҳсилот: Олӣ

  • Соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорк, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико (шакли таҳсили рӯзона)-ро хатм намудааст.
  • Соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (шакли таҳсили рӯзона)-ро бо дипломи магистр хатм намудааст.

Ихтисос: Иқтисоди ҷаҳонӣ

Унвони илмӣ: Магистр (дар айни замон дар марҳилаи ҳимояи рисолаи номзадӣ дар мавзуи «Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба низоми байналмилалии савдо» қарор дорад).

Кадом забонҳои хориҷиро медонад: Русӣ, Туркӣ ва Англисӣ

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: ҳа,

  • Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои саҳми назаррас дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ ва рушди соҳаҳои иқтисод ва савдо дар давраи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қадрдонӣ гардидааст.
  • Соли 2024 бо Ифтихорномаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои саҳми назаррас дар таъмини иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи даъвати баҳорӣ ва тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, аз номи Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, сарфароз гардонида шудааст.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: ҳа, Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаи интихоботии №21, даъватҳои шашум ва ҳафтум.

Вазъи оилавӣ: Оиладор, соҳиби 3 фарзанд

 

*Кор ва фаъолияти собиқа

Солҳои 2012–2013 — мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2013–2015 — мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Солҳои 2015–2018 — мутахассиси асосии Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Соли 2017 — тибқи иҷозати Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8), дар доираи барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар назди Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар шаҳри Женева иштирок намудааст.

Солҳои 2016–2018 — ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбайъ (0,25 воҳиди корӣ) аз фанни «Иқтисоди ҷаҳонӣ» дар кафедраи муносибатҳои байналмилалии факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолият намудааст.

Солҳои 2018–2020 — сардори Раёсати ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдо Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 декабри соли 2016, №529 — котиби масъули Кумитаи ҳамоҳангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо таъин гардидааст.

Солҳои 2020–2023 — Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Солҳои 2023–2025 — Муовини Раиси шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Аз 14 ноябри соли 2025 то имрӯз — Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон.