МАЪЛУМОТНОМА
*Ному насаб: Абдуллозода Мустафо Рустам
*Аз 4 феврали соли 2020 дар мансаби Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» кор мекунад.
*Соли таваллуд: 4 августи соли 1984
*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат: Тоҷик
*Таҳсилот: Олӣ
*соли 2007 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
*Ихтисос: Иқтисодчӣ
*Унвони илмӣ: надорад
*Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ, англисӣ (бо луғат)
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: нест
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: нашудааст
*Вазъи оилавӣ: Оиладор
Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2007- 2009 |
Мутахассиси шуъбаи рушди минтақаҳои Раёсати мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ ва минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2009-2012 |
Мушовири лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012 (01-09) |
Сармутахассиси шуъбаи рушди минтақаҳои Сарраёсати пешгўии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2012-2015 |
Сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2015 -2016 |
Сардори Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе |
Солҳои 2016- 2020
Аз 4 феврали соли 2020 |
Референти Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» |