Administration Services

The governing authority in the territories of the Kulob SEZ is the Administration of the Kulob SEZ. The administration of the SEZ provides assistance at every stage of project implementation.

Маъмурият дар доираи ваколатҳои худ дар асоси Низомномаи МОИ «Кӯлоб» чунин хизматрасониҳоро барои субъектҳо пешниҳод менамояд:

  • protecting the interests of FEZ entities;
  • фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалб намудани сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ ва дигар намуди захираҳо;
  • -назорати риояи низоми ҳуқуқии МОИ «Кўлоб», таҳияи тағйиру иловаҳо ба Низомномаи мазкур ва баррасии масъала бо тартиби муқарраргардида;
  • -таъмини назорати давлатӣ ва назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва меҳнатӣ дар ҳудуди МОИ «Кўлоб» бо мақсади иҷрои қонунҳо ва санадҳои меъёрӣ оид ба масъалаҳои рушди МОИ «Кўлоб»;
  • пешниҳоди замин барои иҷора ба субъектҳои МОИ, инчунин дигар иншооти МОИ «Кӯлоб».
  • ташкили маркази иттилоотӣ, бизнес-инкубаторҳо, анборҳо, биноҳои маъмурӣ, иншооти истеҳсолӣ ва дигар сохторҳои зарурӣ барои таъмини фаъолияти пурсамар ва рушди МОИ «Кӯлоб».
  • ҳамоҳангсозии корҳои ташкилотҳои илмӣ, лоиҳавӣ, саноатӣ, сохтмонӣ ва дигар муассисаҳои ватанӣ ва хориҷие, ки барои ташкил ва таъмини фаъолияти МОИ «Кӯлоб» ҷалб мешаванд;
  • баррасии бизнес-нақшаҳо ва лоиҳаҳои сармоягузории довталабон;
  • ба довталабон додани ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ҷойгиршавӣ ва нишонии ҳуқуқӣ дар МОИ «Кӯлоб»;
  • танзими робитаҳои МОИ «Кӯлоб» бо бозори байналмилалӣ;
  • ташкили омӯзиш, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барои МОИ «Кӯлоб», иштирок дар татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи ташаккули кадрҳо, шуғл, сиёсати ҷавонон ва муҳоҷират дар минтақа;
  • ташкили конфронсҳо, машваратҳо, семинарҳо ва ғайра;
  • додани сертификатҳо ба субъектҳои МОИ;
  • таъмини азхудкунии маблағҳо дар лоиҳаҳое, ки моҳияти умумиминтақавӣ доранд;
  • хизматрасонӣ дар гирифтан ва ба расмият даровардани раводиди даромад ва баромад, ки дар мувофиқа бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегарданд.
  • -додани рухсатномаҳо барои даромадан ба ҳудуди МОИ «Кўлоб»;
  • амалигардонии ваколатҳои дигаре, ки бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд.